ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Чин 12 нафар қурбони обхезӣ дар метро гардиданд, хабар медиҳад сомонаи менависад Sina.com.
Офати табиӣ рӯзи 20 июл дар шаҳри Чженчжоу иттифоқ афтодааст. Дақиқан пас аз як соати боронгариҳои шадид ҳаракати метро ба мушкил мувоҷеҳ шуд ва вагонҳо дар дохили нақб аз ҳаракат боз монданд.
Ҳарчанд кормандони метро тавонистанд 500 мусофирро аз дохили метрои бидуни ҳаракат берун кунанд, вале ҳамоно шумораи зиёди одамон дар дохили метрои пур аз об банд монданд.
Мусофирони бандмонда дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо аз дохили метро нашр намуданд, ки то қафаси сина онҳоро об иҳота намудааст.
Гуфта мешавад, корҳои наҷотдиҳӣ ҳамоно идома дорад ва маълум нест, ки замони обхезӣ дар дохили метро чӣ теъдод мардум қарор дошт.
Дар ҳамин ҳол, аз офати табиии, ки шоми 19 июл дар Панҷакенти Тоҷикистон сар зад, боиси ҷон бохтани 12 нафар, аз ҷумла 6 ноболиғ гардид.