Аксар аз Ӯзбекистон: маълум шуд, чанд хориҷӣ дар Донишкадаи забонҳо таҳсил мекунад

Миёни донишҷӯёни хориҷӣ шаҳрвандони Русия ва Афғонистон низ ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода 524 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Дар ин бора, Ҷило Гулназарзода ректори Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода дар нишасти хабарӣ гуфт.
Миёни донишҷӯёни хориҷӣ шаҳрвандони Русия ва Афғонистон низ ҳастанд
Ҳамин тавр, тибқи омори ректори донишкада, дар ин даргоҳи илму маърифат 381 нафар аз Ӯзбекистон, 133 нафар аз Туркманистон, 4 кас аз Афғонистон, 3 нафар аз Қирғизистон ва 3 донишҷӯ аз Русия таҳсил мекунанд.
Оқохони IV ба хатмкунандаҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз ҳоли гузаштаю умедаш ба оянда гуфт
Маълум шуд, ки имсол Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро 1052 нафар, аз ҷумла 643 нафар (15 нафар бо дипломи аъло) шуъбаи рӯзона, 351 нафар шуъбаи фосилавӣ (2 нафар бо дипломи аъло) ва зинаи магистратураро 58 нафар (4 нафари он бо дипломи аъло) хатм кардаанд.
"Соли равон 135 нафар хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгорӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи кор сафарбар карда шуданд, ки аз инҳо 45 нафар тариқи квота таҳсил намудаанд",- гуфт, Ҷило Гулназарзода.
Ин дар ҳолест, ки аксари донишҷӯёни тоҷик, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, хостори бозгашт ба донишгоҳҳои ватанӣ шуданд.
Вазорат гуфт, барои интиқоли муҳассилини тоҷик аз Қирғизистон ба Тоҷикистон кумак мекунад
Дар ин росто Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, муҳассилини тоҷике, ки мехоҳанд аз Қирғизистон ба муассисаҳои таълимии олиии ҷумҳурӣ гузаранд, бояд ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Масъулин гуфтанд афроде, ки дар шакли буҷавӣ таҳсил мекунанд ба бахши буҷавӣ ва шартномавӣ мувофиқан ба бахши шартномавӣ интиқол дода мешаванд.