Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Афзоиши рекордии гирифторони COVID дар Ӯзбекистон: се рӯз пайи ҳам

Тайи як рӯзи ахир дар Ӯзбекистон ҳудуди 700 нафар мубталои коронавирус шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik Теъдоди сироятёфтаи COVID-19 дар Ӯзбекистон дар як рӯзи охир то 698 нафар афзуд - ин баландтарин нишондиҳанда дар соли 2021 аст ва чунин афзоиш рӯзи сеюм идома дорад.
Афзоиши дигари рекордӣ аз ҷиҳати сироятёбӣ аз вируси корона дар Ӯзбекистон сабт шуд. Як рӯз пеш (+658 бемори нав), ва рӯзи якшанбе (+585) ҳолати нав сабт шуда буд. Ҳоло афзоиш аз ин нишондиҳандаҳо ҳам гузашт.
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон мегӯяд, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 121 329 расидааст.
Дар давоми рӯзи гузашта, инчунин чор ҳолати марг аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва шумораи умумии фавтидагон аз аввали пандемия то кунун ба 809 нафар расид.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи шифоёфтагон, ба 116 009 нафар расид. Рӯзи сешанбе 495 нафар аз беморхонаҳо рухсат шуданду, рӯзи душанбе 649 ва рӯзи якшанбе бошад 562 нафар мураххас гардиданд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Феълан 4511 нафар гирифтори коронавирус табобат мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки эмгузаронии аҳолӣ алайҳи вируси корона дар Ӯзбекистон аз 1 апрел оғоз шуд. Дар кишвар аллакай барои баъзе категорияҳои аҳолӣ ваксинакунии ҳатмӣ ҷорӣ карда шудааст.