Раиси Суғд дар масҷиди марказӣ мавъиза хонд

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар Иди Қурбон аз масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд боздид карда, сокинони вилоятро шодбош гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Сокинони вилояти Суғд дар намози Иди саиди Қурбон барои рушду нумӯи Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар масҷиди марказии Хуҷанд зикр кардааст, Иди Қурбон-ҷашни садоқат, покию равшанӣ, анҷом додани таомули қурбонӣ дар айёми ҳаҷ, дӯстию муҳаббати байниҳамдигарӣ ба шумор рафта, аз фарҳанги ғании исломӣ сарчашма мегирад ва инсониятро ба шинохти ҳуввият ва асолату покӣ ҳидоят менамояд.
Манбаъ афзуд, дар чунин айём анҷом додани амалҳои неку писандида, ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, гирифтани дасти ниёзмандон, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон аз суннатҳои неки Иди саиди Қурбон мебошад.
Иди Қурбон-2021: мафҳум ва анъанаҳои ҷашн
"Ҳар яки мо новобаста аз мансубияти миллию иҷтимоӣ ва дину мазҳаб бояд тамоми нерӯи хешро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, мустаҳкам намудани риштаи дӯстию бародарӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ равона намуда, барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намудани насли ояндасоз талош намоем", - таъкид намудаст Аҳмадзода.
Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон имсол 20 июл таҷлил гардида, расман рӯзи истироҳатӣ мебошад. Иди Қурбон дар баробари Иди Рамазон яке аз ҷашнҳои аслии мусалмонон мебошанд, ки дар Тоҷикистон ба таври густарда таҷлил мегарданд.