Нуҳ қурбонии сели харобиовар дар Панҷакент: чор нафараш кудак будааст

Дар шаҳри Панҷакент бар асари боронгариҳои шадиду сел 9 тан ҷони худро аз даст додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Боронгариву сели рӯзи гузашта дар деҳаи Киштудаки шаҳри Панҷакент ҷони 9 нафарро рабудааст, ки миёнашон 4 кудак низ будааст.
Як сокини деҳаи Киштудаки поён дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфто, борони шадиди асри рӯзи гузашта дар баробари рабудани ҷони инсонҳо харобиҳои зиёд низ дар пайи дошт.
"Сел ҷони 9 нафарро гирифт. Ду нафарро аз деҳа ва 7 нафарро ҳангоми дар чарогоҳи тобистона қарор доштанашон. Миёни онҳо 4 кудак низ ҳаст". - афзуд манбаъ.
Номбурда гуфт, то кунун ҷасади ҳафт нафарро аз зери гилу лой кашидаанд ва ҷустуҷӯйи 2 тани дигар идома дорад.
Гуфта мешавад намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳукумати шаҳри Панҷакент дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Боронҳои шадиди рӯзи гузашта тамоми водии Зарафшонро фаро гирифта дар ноҳияиҳо Айниву Масчоҳ низ харобиҳо овардааст.
Дар Рӯшони ВМКБ сел омад: чандин хона тахриб шудааст
Сокинони деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ низ мегӯянд сели азими рӯзи гузашта қисман ба хонаҳо зарар расонидаву роҳҳову пулҳои деҳаро хароб кард ва чорвою нақлиётҳои сокинони деҳаро рабуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар то кунун расман ҳоло дар ин бора иттилоъ надодааст.