ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар рӯзи арафа ду садамаи маргбори нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа мутаассифона 3 тан қурбон шудаанд.
Бино бар иттилои пешакӣ, далели ҳодиса аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронандаҳо гуфта мешавад.
Ҳамин тавр, 19-уми июл, тахминан соати 16:00 ронандаи автомашинаи тамғаи "Ваз 21099", марди 29-сола, сокини ҷамоати деҳоти Росияи ноҳияи Рӯдакӣ қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз кардааст.
"Ронанда ҳангоми ҳаракат кардан аз тарафи шоҳроҳи Кулоб-Восеъ-Душанбе, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, духтараки 12-сола, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкурро пахш намудааст", - менависад манбаъ.
Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳатҳои гуногу ни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст
Мутаассифона, санаи 19-уми июли соли 2021, тахминан соати 06:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс (Спринтер)”, ҷавони 24-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кулоб дар 50-ум километр, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи ронанда, марди 33-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс (Спринтер)”, Буриев М.М ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Солиев К.А, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шокиров Шаҳриёр, соли таваллудаш 1998 ва Тоҷиев Шоҳин, соли таваллудаш 1998, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.