Мураббии амрикоӣ ба омодагии муштзанҳо Раҳимов ва Ёқубов шурӯъ кард

Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 Июл - Sputnik. Муштзанҳои шинохтаи тоҷик Шавкат Раҳимов ва Муҳаммад Ёқубов ба задухӯрдҳои нав омодагӣ мегиранд.
Дар ин бора Раҳимов дар сафҳаи Instagram -и худ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, омӯзиш ва омодагӣ таҳти роҳбарии мураббии амрикоӣ Фредди Роуч сурат мегирад.
"Ба рақобати навбатӣ бо суръати баланд омодагӣ мебинем", - навиштааст муштзан.
Қаблан, варзишгар эҳсосоти худро аз дидору мулоқот бо Мигел Котто, фарди идеаль барояш дар бокс нақл карда буд. Ин дар доираи "Boxing Wild Boxing", ки дар он ҷо ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузор мешавад, сурат гирифтааст.
Шавкат Раҳимов 27 сол дошта, дар Душанбе таваллуд шудааст. Вай дар вазни то 60 кило рақобат мекунад. Аз соли 2015, ӯ дар сатҳи касбӣ дар Русия бокс мекунад. Ғолиби унвонҳои WBO Intercontinental Youth, WBA Asia East, IBO, WBC Eurasia Pacific аст.
Муҳаммад Ёқубов 25 - содаи Исфара, ҳамзамон дар Русия зиндагӣ ва тамрин мекунад. Дар вазнҳои дар вазни дувуми сабуктар (58,9 кг) ва сабук (61,2 кг) баромад мекунад. Ғолиби як қатор унвонҳои чемпионати минтақавӣ ва ҷавонон дар саҳнаҳои WBC, WBA, IBF ва WBO шудааст.