Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Маскав ба Душанбе дар таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кумак мекунад

Русия ҷумҳуриро бо аслиҳа ва техникаи муосири муосир таъмин мекунад ва инчунин дар тарбияи ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак мерасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба рӯзномаи "Коммерсант" гуфтааст, ки Федератсияи Русия дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар пасманзари фаъолшавии экстремистҳо дар Афғонистони ҳамсоя фаъолона ширкат меварзад.
Ҳамзамон, вай қайд мекунад, ки вазъ дар Тоҷикистон мӯътадил аст ва "ягон воҳима" вуҷуд надорад.
"Дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, ки ба сохтмони яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар самти Шурообод шурӯъ шавад", - қайд кард Лякин-Фролов.
Сафир афзудааст, ки фармондеҳии пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, "дар тарбияи кадрҳои қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ" кумак мерасонад.
Низомиёни Русия барои артиши Тоҷикистон ҳазорҳо мутахассис омода мекунанд
Ғайр аз он, ӯ ёдовар шуд, ки Русия дар асоси созишномаҳои дарозмуддат Барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро амалӣ карда, ҷумҳуриро бо "силоҳ ва техникаи муосир" таъмин мекунад.
Лякин-Фролов таъкид кард, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон тасмими "таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо мақсади пешгирии ҳаргуна ифротгароён аз қаламрави Афғонистон" дида мешавад.