ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Ҳукумати шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои соли таҳсили 2020-2021, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 11 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд барандаи медал эълон гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, озмун дар толори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, хонандагон аз шаҳри Хуҷанд барои дарёфти аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра комёб гардиданд.
Шаҳрдорӣ тавзеҳ дод, ки хонандагони гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд - Суман Раҳматуллоева ва Дилноза Дадобоева медали тилло гирифтанд. Аз гимназияи №4 Фариза Мирзохӯҷаева, аз мактаби №28 Шаҳноза Расулзода соҳиби медали тилло шуданд.
Анзурат Аминова ва Азамат Шерматов, хонандаҳои литсейи донишкадаи политехникӣ Маҳастӣ Иброҳимзодаю Дилноза Абдуғаффорова аз мактаби “Ирфон” низ дар феҳрасти барандагони медалҳои тилло номбар карда шуданд.
“Хонандагони литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ - Машҳура Юлдошева, гимназияи Гёте - Саидҷон Бобоҷонов, литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон - Абдурасул Урунбоев медалҳои нуқраро ба даст оварданд”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки медалҳо дар ин озмун баъди супоридани имтиҳоноти ҷиддӣ ва шаффоф ба даст оварда шуданд .