Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Дастури Ҳакимзода барои назорати “идгардак” дар Хатлон

Раиси вилояти Хатлон пешниҳод кард, ки гаштугузори кӯдакону калонсолон дар рӯзи Иди Қурбон манъ карда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ахиран дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи Ситоди вилоятӣ баргузор гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, дар ҷаласа раиси вилоят оид ба муроҷиатномаи Шӯрои уламои Тоҷикистон бо калонсолону кӯдакон ва инчунин оид ба пурзур намудани Ситоди вилоятӣ суханрони намуд.
Қурбон Ҳакимзода, қайд кардааст, ки бо мақсади роҳ надодан ба паҳншавии бештари ин бемории сироятӣ дар рӯзҳои ид, ки бештар кӯдакон хона ба хона мегарданд ва дар масҷидҳо теъдоди одамони зиёд ҷамъ меоянд, аз масъулин даъват ба амал овард, ки назоратро пурзур намоянд.
Иди Қурбон-2021: мафҳум ва анъанаҳои ҷашн
Ҳамзамон раиси вилоят тавсияҳои Шурои уламоро ба ҳозирин ёдовар намуда, таъкид доштааст, ки намозгузорони зиёд ба масҷидҳои марказӣ ҳозир нашаванд ва намозҳоро дар масҷидҳои назди хонаашон бо риояи масофаи иҷтимои ва истифодаи маводҳои антисептики адо намоянд.
Инчунин раиси вилояти Хатлон таъкид доштааст, ки гаштугузори кӯдакон калонсолонро дар рӯзи Иди Қурбон манъ карда шавад.