Афзоиши қурбониёни сел дар шаҳри Панҷакент: то ҳол ҷасади 10 нафарашон ёфт шуд

Теъдоди қурбониёни сел дар ҷамоти деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ба 12 нафар расид, ки миёнашон кӯдакон низ ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Муҳаммадсодир Сафарзода, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент, мегӯяд, ҳодиса тақрибан соатҳои 17 ба 18-и санаи 19-уми июл рух дода, дар пайи боришоти борон сели азим меояд ва афродеро, ки дар овул қарор доштаанд бо худ мебарад. Дар ин бора аз қавли Сафарзода дар саҳифаи фейсбукияш Хуршед Фозилов, рӯзноманигор аз шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Ноиби аввали раиси Панҷакент иттилоъ додааст, ки то зӯҳри 20 июл ҷасади 10 нафар аз деҳаи Киштудаки боло, ки дар пайи ин ҳодиса ҳалок гардиданд, пайдо ва ба хок супорида шуд.
“Кофтукови 2 нафари дигар давом дорад. Хисороти дигарро коммиссия ҳисоб карда истодааст. Ҳама ниҳодҳои марбут дар ҷои ҳодиса қарор доранд”, - изҳор доштааст Сафарзода.
Ҳодисаи селфароӣ дар пайи боришоти зиёд дар шаҳри Панҷакент ва навоҳии Айнию Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст.
“Ид мотам шуд”: наворҳои селҳои маргбор дар Суғд - видеоҳо
Ба иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, фаромадани сел ду рӯзи оянда дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконпазир аст.
Селҳои харобиовар дар Суғд дар ҳоле рух доданд, ки қаблан дар ҷануб ва шарқи Тоҷикистон низ селхезию заминларза рух дода, даҳҳо хонаводаро бесарпаноҳ карданду талафоти ҷонӣ дар пай гузоштанд.