ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо Иди Қурбон шодбош гуфт.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикитсон нусхаи ин табрикотро нашр кардааст.
Дар он президент таъкид кардааст, ки фарҳанги исломӣ беҳтарин арзишҳои маънавии ҳаётиро ташвиқ мекунад.
"Дар арафаи иду айём дастгирии моддӣ ва кумак ба эҳтиёҷмандон аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ, шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ва соҳибкорону тоҷирон ба анъанаи нек табдил ёфтааст", - қайд кардааст раисҷумҳур.
Дар ҳамин ҳол, президенти Тоҷикистон ёдрас шудааст, ки "фақат шахсоне метавонанд маросими қурбониро анҷом диҳанд, ки аҳли хонадонашон аз ҳар ҷиҳат таъмин буда, фарзандон ва аъзои оилаи онҳо аз ҳеҷ чиз танқисӣ надоранд".
Эмомалӣ Раҳмон аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Қурбон аз гаштугузори бемаврид, оростани дастархони серхарҷ ва иштирок дар маъракаҳои серодам худдорӣ кунанд.
"Риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатиро фаромӯш насозанд", - афзудааст раисҷумҳур.
Президент таъкид кардааст, ки бояд ба масъалаҳои истифодаи оқилонаву самараноки замин, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ эътибори аввалиндараҷа дод.