ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Владимир Евсеев, коршиноси низомӣ, дар бораи музокироти байниафғонӣ, ки ахиран дар Доҳа баргузор шуд, изҳори назар кард.
Ба гуфтаи вай, ба ҷараёни дипломатӣ ба хотири таъсири ҷиддии ҷангҳои шадид дар қаламрави Афғонистон, баҳо додан мушкил аст.
Коршинос илова кард, ки дар асл ягона натиҷаи музокирот ин таъмини амнияти кормандони соҳаи тибб буд, ки мардумро аз коронавирус ваксин мезананд ва дастрасии аҳолӣро ба ваксинагирӣ дар саросари кишвар фароҳам месозанд.
Ба гуфтаи Евсеев, ин имтиёзи иҷборӣ ба хотири коҳиш додани шиддати иҷтимоӣ аст.
"Озод кардани чанд вулусволи дар наздикии Кобул маънои онро надорад, ки вазъ дар майдони ҷанг тағйир ёфт. Ҳоло ин мушкилоти асосӣ аст, зеро ҳукумати Афғонистон назорат аз болои минтақаҳои зиёди кишварро аз даст додааст", - гуфт коршинос дар бораи вазъи Афғонистон.
Евсеев қайд кард, ки мушкилоти асли дар музокирот дар он аст, ки Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия)худро боэътимод ва қавитар эҳсос мекунанд ва ба ҳимин хотир намехоҳанд бо давлати Афғонистон созиш кунанд.