ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон аз нақзи қонуни танзим аз ҷониби шахсони мансабдорон, ходимони дин, соҳибкорони инфиродӣ ва инчунин шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла тарабхонаю ошхонаҳо гуфта, таъкид намуд, ки омори он бояд пешниҳоди омма гардад.
Шермуҳаммади Шоҳиён дастур дод, ки омор, ки киҳо асосан қонунро вайрон мекунанд, таҳия ва ба рӯзноманигорон пешниҳод гарадад.
Дар нишасти матбуотӣ, аз мудири шуъбаи молиявӣ - хоҷагидории дастгоҳи раиси вилояти Суғд зикр гардид, ки барои нақзи қонуни танзим ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 29 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.
Ба иттилои Додгоҳи олии Тоҷикистон, аз ҷониби судҳо барои риоя накардани қонун Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим 358 парванда баррасӣ гардидаст.
Манбаъ афзуд, ки дар пайи баррасии парвандаҳо нисбат ба 349 шахс ба маблағи умумии 1 миллиону 388 ҳазору 270 сомонӣ ҷазои ҷарима татбиқ карда шудаст.