ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҳунарҳои муҳорибаи омехта дар вазни вазнин, ноиби президенти ММА-и Ӯзбекистон, размикор Мурод Хантураев машҳур бо тахаллуси Хирси осиёӣ ("Азиатский медведь")пас аз садама даргузашт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Тошканд.
Гуфта мешавад, садама дар ноҳияи Бостанлики вилояти Тошканд дар роҳи автомобилгард ба сӯи минтақаи фароғатии "Чарвак" сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, варзишгар идораи мошинро аз даст додааст, ки дар натиҷа нақлиёт аз роҳ баромада, дучори садама шудааст.
Автомобиль, в котором находился боец ММА Мурод Хантураев
© Пресс-служба УВД Ташкентской области
Қаблан гуфта мешуд, ки сабаби садама бархӯрд бо Chevrolet Lacetti будааст. Дар мошини варзишгар мусофире низ будааст, ки ӯ ҳоло дар беморхона бистарист.
ВКД хабар медиҳад, ки Мурод Хантураев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мурод Хантураев 34 сол дошта, карераи касбии худро ҳамчун размикор аз соли 2013 оғоз кардааст.
Дар ин муддат ӯ 12 ғалаба ба даст овард (7-тои он бо нокаут) ва ду шикаст низ доштааст.
Моҳи ноябри соли 2019 Хантураев ноиби президенти Ассотсиатсияи ҳунарҳои муҳорибаи омехтаи Ӯзбекистон таъин шуд.
Охирин ҷанги ӯ моҳи сентябри соли 2019 баргузор шуда буд.