ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Сокини ноҳияи Ҷайхуни вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ВКД Тоҷикистон, дар ин ҷиноят як сокини 74-сола, ки қаблан маҳкум ба зиндон шудааст, гумонбар дониста мешавад.
Қайд карда мешавад, ки гумонбаршуда рӯзи 18 июли соли равон ҳангоми муноқиша бо домоди 31-солааш ба ӯ ду зарби корд задааст, ки дар натиҷа ҷавон дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст.
Пирамард боздошт шуд, тафтишот оид ба далели ҷиноят идома дорад, хабар медиҳад ин ниҳод.
Дар гузашта низ ВКД аз муноқишаҳо, миёни домод ва хусур хабар дода буд, аммо чунин ҳодиса аз камтаринҳост.