Ӯзбекистонӣ ба таҷовузи зан дар варзишгоҳи олимпии Токио муттаҳам мешавад

Муттаҳам дар корхонае фаъолият мекард, ки намояндагони ВАО - ро дар варзишгоҳ бо хӯрок таъмин мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар Токио як шаҳрванди 30 - солаи Ӯзбекистон боздошт шудааст, ки дар таҷовуз ба номуси як зан муттаҳам дониста мешавад, менависад Tokyo Reporter.

Ба иттилои манбаъ, ҷабрдида шомили тимест, ки ин мусобиқаро сомон медиҳанд ва ба номуси ӯ дар ҳудуди варзишгоҳи олимпӣ дастдарозӣ шудааст.
Боздоштшуда 30 сол дорад ва дар корхоне кор мекунад, ки намояндагони ВАО - ро дар варзишгоҳ бо хӯрок таъмин мекунанд.
Ташхиси коронавируси ду варзишгар дар Токио мусбат баромад
Ҷабрдида 20 - сола буда, ба иттилои расонаҳо корманди қисми ташкилии Бозиҳо мебошад.
Олимпиадаи Токио мебоист аз 24 июл то 9 августи соли 2020 баргузор мешуд.
Бо сабаби пандемия, мусобиқаҳо барои як сол мавқуф гузошта шуд ва акнун ин чорабинӣ аз 23 июл то 8 август идома мекунад.
Ташкилкунандагон тасмим гирифтанд, ки Бозиҳоро бидуни мухлисони хориҷӣ баргузор кунанд ва тамошобинони маҳаллӣ низ ба чорабиниҳои шаш префектураи Ҷопон, аз ҷумла Токио роҳ дода намешаванд.