ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дилшод Келдиев, писарбузурги шоир Гулназар Келдӣ, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон аз коронавирус даргузашт. Дилшод 43 сол дошта, аз бемории коронавирус дар беморхона фавтид, иттилоъ дод яке аз наздикони марҳум. Падари Дилшод – Гулназар Келдӣ дар мавҷи якуми коронавирус, моҳи августи соли 2020 ҷаҳонро падруд гуфта буд. Гуфта мешавад, ки Дилшод бо бемории дигар бистарӣ шуда буд ва дар беморхона гирифтори коронавирус гардидаст.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, тайи ду шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Мавҷи дуюми коронавирус расман як моҳи қабл дар Тоҷикистон эътироф шуда, даҳҳо хонаводаи шинохтаи ҷумҳуриро мотамзада кард.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон нахустин ҳолати марг аз коронавирусро дар замони мавҷи дуюм, 2 июли соли равон тасдиқ карда, дар маҷмуъ ба иттилои ин ниҳод аз 2 то 15 июл 20 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, тайи ду шабонарӯзи охир ягон ҳолати марг аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки тайи як моҳи охир марги 17 нафар аз чеҳраҳои шинохта ё худ аз оилаҳои маъруфи ҷумҳурӣ расонаӣ шуд, ки онро ба коронавирус рабт медиҳанд. Аз ҷумла:
Қурбоналӣ Раҳмон, овозхони мардумии Тоҷикистон
Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон
Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Домулло Абдурахмон Боқизода, сокини деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ.
Профессор Нигина Шаропова, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон.
Наргис Ҳакимова, табиб – косметолог.
Роҳат, ҳамсари шоири халқии Тоҷикистон, Саидалӣ Маъмур.
Лайлӣ Мақсудова, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии “Тоҷикстандарт”.
Раҷабалӣ Саидвализода, мақомдори Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Қобилхоҷа Қобилов, собиқ мақомдори ҳукумати Мастчоҳ.
Ҳомидҷон Устоев, майор, собиқ корманди милиса.
Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон
Фарида Мансурова, пизишки номии тоҷик, духтари академик Ҳамид Мансуров.
Фарзон Маъмур, писари шоири халқии Тоҷикистон, Саидалӣ Маъмур.
Қаюм Одинаев, яке аз моликони корхонаи тиллобарории “Одина”
Вазорати тандурустӣ расман даргузашти ин афродро дар пайи коронавирус тасдиқ ё рад накардааст.
Дар маҷмӯъ, ба иттилои Вазорат, аз аввали бақайдгирӣ то 17 июл дар кишвар 14 ҳазору 78 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13 ҳазору 685 нафар ё худ 97,2% шифо ёфтаанд.
Дар маҷмуъ теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ аз аввали хуруҷаш дар ҷумҳурӣ 110 нафар арзёбӣ мешавад.