ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Дар ВМКБ дасти кам 150 лоиҳаи мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ бояд бо кӯмаки молии Бонки ҷаҳонӣ ва ҳамчунин Вазорати молия амалӣ гардаднд.
Ба ин феҳраст Қалъаи Ямчун ё худ Қаҳқаҳаи водии Вахони ноҳияи Ишкошим ҳам шомил гардид, ки барои таъмиру барқарорсозии он 5 миллион доллар ихтисос дода шудааст.
Агентии Ховар таърихи пайдоиши ин қалъаро аз қавли номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоҳинбеков чунин менаисад, ки пайдоиши қалъаи Ямчун ба асрҳои 1-3 пеш аз мелод рост меояд.
Ин қалъа аз ҷониби пешиниёни сулолаи Кӯшониён аз Бадахшони шарқӣ, ки дар шимоли Покистон сукунат доштанд, бунёд ёфтааст.
"Бо бунёди қалъа давлати Кӯшониён марзи шарқии худро дифоъ менамуд ва ҳам амнияти корвонро, ки аз ин қисмати роҳи бузурги абрешим дар ҳаракат буданд, таъмин мекард", - тавзеҳ додааст Шоҳинбеков.
Гуфта мешавад агар чанд соли дигар ин қалъа таъмиру бозсозӣ нашавад, он гоҳ хатари комилан аз байн рафтанаш ҷо дорад.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи шӯъбаи сайёҳии ВМКБ, Синбод Амонбеков изҳор доштааст, ки қабл аз хуруҷи пандемия даҳҳо сайёҳ аз ин макон боздид ба амал оварданд. Мавсуф мегӯяд, бо таъмиру барқарор шудани қалъа сафи сайёҳон ҳам метавонад афзоиш ёбад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Ишкошим ба ҷуз қалъаиа Ямчун боз 5 қалъаи дигар мавҷуданд, ки дар давраи қабл аз исломӣ пайдо шуданд.