ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт мулоқоти мубориз Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо мухлиси 66-солааш аз Калифорнияро ташкил кард.
Қаблан, зани амрикоӣ дар рӯзи зодрӯзаш бо плакат ба назди дафтари UFC омада буд.
Вай хоҳиш дошт, ки бо собиқ қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов акс гирад.
Уайт ба назди "эътирозгар" баромад ва ба ӯ ваъда дод, ки бо Нурмуҳаммадов мулоқот ташкил мекунад.
Видеои сӯҳбати ин мухлиси солхӯрдаи Ҳабиб бо роҳбари UFC вирус шуд - онро беш аз 500 ҳазор маротиба тамошо кардаанд.
Баъдтар, ин созмон акси муштараки зани амрикоиро бо Нурмуҳаммадов дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.
"Рисолат иҷро шуд! Зодрӯзи яке аз мухлисони ашаддии дастаи Ҳабиб муборак", - навишта шудааст дар зери акс.
Ёдовар мешавем, ки варзишкори номӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз мағлуб кардани Ҷастин Гетҷе моҳи октябри соли гузашта, тарки октагон кард.