Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Имзои протоколи нави марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, раҳбарони ду кишвар дар бораи кори гурӯҳҳои топографӣ ба мувофиқа расида буданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар шаҳри Бишкек, мулоқоти гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд
Ҳамин тавр, аз 12то 17 май, дар шаҳри Бишкеки ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ин дидор, протоколи дахлдор имзо шудааст.
"Пас аз анҷоми ҷаласа, Протоколи дахлдор ба имзо расид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кунанд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки мулоқот дар фазои дӯстона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Давлатзода дар бораи вазъи марз ва хисороти расида аз муноқишаи моҳи апрелӣ бо қирғизҳо
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Ахири моҳи гузашта Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон сафари расмӣ дошт, ки бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи марзро баррасӣ кард.
Раҳмон гуфт, ҳама медонанд кӣ ҳуҷум кард: парванда алайҳи низомиёни қирғиз
Эмомалӣ Раҳмон, ки дар анҷоми сафари ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов дар ҳузури рӯзноманигорон суҳбат мекард, гуфт, масъалаи таъйину аломатгузории марзи давлатӣ яке аз мавзӯҳои мулоқоти онҳо будааст ва ӯ дар ин боб ба ҳалли масъалаи марз аз роҳи созандагӣ ва эҳтироми манофеи ду кишвар тамаркуз хоҳад кард.
“Мо ҳамчунин масъалаи имзои шартномаеро ба баррасӣ гирифтем, ки дар гузашта сарашон тавофуқ сурат гирифта буд. Бино ба тарҳи ин созишнома, ҳудуди 520 километр хатти марзи давлатии ду кишвар имзо шудааст. Имрӯз боз 32 километри дигар мувофиқа шуданд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон дар бораи ин 32 км хатти марзии мувофиқашуда тафсилоти бештар надод, аммо махсус таъкид кард, ки раванди музокиротро кишварҳо ҳанӯз соли 2002 шурӯъ карда буданд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёри ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон меанҷомад.