ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки биноҳои нави Парлумони ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳоло сохтмонашон дар маркази шаҳри Душанбе идома дорад, охири соли 2022 ва аввали соли 2023 ба истифода дода мешаванд.
Ба гуфтаи вай, биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби ду ширкатӣ чинӣ, ки дар тендер ғолиб омадаанд, сохта мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки оғози сохтмонӣ биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри соли 2018 шурӯъ шуда буд. Сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон, бо кумаки молиявии Чин бо маблағи 1,5 миллиард юани чинӣ амалӣ карда мешавад.
Бинои нави Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Бинои Ҳукумати Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ бунёд карда мешавад.