Вазир дар бораи пулҷамъкунӣ барои таъмир: “худашон мехоҳанд”

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, низоми ҷамъ кардани пул барои таъмир дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҷой надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иддао дар бораи ҷамъ кардани пул аз муҳассилин барои таъмири макотибро рад намуд.
Ӯ афзуд, ки баъзан дар макотиби ҷумҳурӣ Асотсиатсияи падару модарон фаъолият доранд, ки онҳо худашон мехоҳанд, мактабашонро таъмир кунанд.
Ба гуфтаи вазир, нисбати шикоятҳо дар мавриди ҷамъоварии пули таъмир, ки тариқи телефон ворид мегарданд, гуруҳи корӣ ташкил карда мешавад, месанҷанд ва чораандешӣ мекунанд.
“Маблағгузорӣ мушкил, мардум кумак кунад”: вокуниши Ҳукумат ба навори мактаби куҳна-видео
Муҳаммадюсуф Имомзода дар посух ба рӯзноманигорон, ки гуфтанд ахиран бархе донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ аз ҷамъоварии пул барои таъмир шикоят кардаанд, далели мушаххас хост. Агар далели мушаххасе бошад, пешниҳод кунед, ки масалан Алӣ Валиев, аз кадом курсу факултет шикоят дорад. Вазир афзуд, ки агар бидуни мисоли мушаххас бошад, масъулини муассисаи таълимӣ мегӯянд, ки ин туҳмат аст.
Имомзода таъкид намуд, ки ДМТ ба таъмир ниёз надорад, чун биноҳояш нав мебошанд ва таъкид намуд, ки вазъи молиявии ин муассиса хуб асту тавони таъмиру сохтмонро дорад.