Вазир: аз "маршировка" - як чизи хасакӣ проблема насозед

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон маршировка ва ё роҳпаймоии донишҷӯёнро мавзӯе номид, ки "баррасии он дар сатҳи маърифат нест"
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар рафти нишасти матбуотӣ ба суоли рӯзноманигорон дар бораи ҷалби донишҷӯён ба "маршировка" ё ба роҳпаймоӣ вокуниши тунде карду гуфт, ки мавзӯъ лоиқи баррасӣ нест.
"Аз маршировка - як чизи хасакӣ ин қадар проблема насозем. Маршировка як машқи ҷисмонӣ аст, на ба дарс халал мерасонад ва ин берун аз дарс аст", - таъкид кард Имомзода.
Вазир ҳатто масъаларо лоиқи баррасӣ надонист ва "ба сатҳи марифати мову шумо номувофиқ" гуфт.
"Истиқлол, истиқлоли миллӣ аст, давлат, ватан аст ва ифтихори мо аст. Ҳар касе инро ба таври дигар қабул мекунад, ин ба маърифати худи ҳамон одам дахл дорад. Мактаббача баъд аз маршировка рафта дар саҳро ба падару модараш кӯмак мекунад, рафта пеши роҳи инашро ҳам гирем?", - савол гузошт Имомзода.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон: ҷалби иҷбории ҷавонон ба “маршировка” нақзи ҳуқуқи инсон нест
Вай афзуд, ки ин раванд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дигар кишварҳо низ ҳаст.
Ёдрас мешавем, ин нуқтаро пештар ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода низ таъкид карда буд.
“На танҳо дар Тоҷикистон дар дигар давлатҳо ҳам дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ, ба мисли чемпионатҳои ҷаҳон оид ба футбол ҷавонон, донишҷӯён ва хонандагон ба “маршировкаҳо” ҷалб мешаванд”,, - таъкид карда буд ӯ.
Вай илова кад, ки на ҳамаи донишҷӯён ба ин гуна чорабинҳо ҷалб карда мешаванд. Вай гуфт дар шароити паҳншавии вируси корона онҳое, ки беморанд ва сабаби дигар доранд, ба маршировка ҷалб намешаванд.
“Айни ҳол таътили тобистонаи донишҷӯён ва хонандагон аст ва дар давоми таътил ҷалб кардани онҳо ба маршировка нақзи ҳуқуқи донишҷӯён нест. Чунки онҳое, ки ба маршировка ҷалб мешаванд, аз имтиёзҳо бархурдоранд ва ба таътили иловагӣ фаро гирифта мешаванд”, - афзуд Умед Бобозода.
Вазорати маориф: қатъи “маршировка” – и наврӯзӣ ва омодагӣ ба 30- солагии Истиқлолият
Вокуниши мақомдорон дар ин мавзӯъ дар ҳолест, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо маршировкаро як нуқтаи доғ дар кишвар арзёбӣ мекунанд.
Дар Фейсбук аксҳое низ нашр гардида буд, ки гуфта мешуд, дар ҷараёни маршировка донишҷӯён аз гармии тоқатфарсо аз ҳуш мераванд. Дар авҷи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ва талаботи риояи қоидаҳои беҳдошт, маршировка як чизи мухолиф ба он фаҳмида мешавад.