ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Вазъи коронавирус дар Маскав рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, гуфт мири пойтахт Сергей Собянин.
"Мо тасмим гирифтем, ки 6 ҳазор кати ковидиро бандем ва онҳоро ба кори муқаррарӣ гузаронем. Ин тасмими ҷиддӣ аст, ки нигоҳубини дигар беморонро беҳтар месозад, аз тарафи дигар, нишон медиҳад, ки вазъ воқеан беҳтар шуда истодааст", - гуфт Собянин дар суҳбат бо шабакаи "Россия 1".
Ёдрас мешавем, ки ситоди фаврии назорати вазъи коронавирус дар Маскав гузориш медиҳад, ки дар давоми 24 соати гузашта дар пойтахти Русия 5382 ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор шудааст.
Дар як рӯз 1474 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд.
619 нафар зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор доранд.
8032 бемори дигар пас аз табобат шифо ёфтанд.
Шумораи умумии шифоёфтагон ба 1 266 393 нафар расид.
Щамчунин дар шабораӯзи гузашта дар Маскав 105 нафар беморон фавтиданд.
Ситоди оперативии Маскав сокинони пойтахтро ба ваксинзанӣ даъват мекунад.