Зодрӯзи Залмон Муллоқандов: рӯзи 16 июл дар таърих

Рӯзи шонздаҳуми июл дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Рӯзи кормандони металлург ҷашн гирифта мешавад
Sputnik

Рӯзи 16 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1850 дар Фаронса озодии матбуот маҳдуд карда шуд.
Соли 1918 дар Конгресси ИМА оид ба идора кардани воситаҳои телекомуникатсионӣ қарор қабул карда шуд.
Зодрӯзи Ҳоманаӣ ва даргузашти Чехову Садриддин Айнӣ: рӯзи 15 июл дар таърих
Соли 1999 арзиши саҳмияҳои ширкати "Майкрософт", ки Билл Гейтс муассиси он аст, ба 100 миллиард доллари амриокӣ баробар шуд.
Соли 1925 дар Бағдод аввалин маротиба интихоботи парлумонии Ироқ баргузор гардид.

Рӯзи 16 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҷаласаи 15-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои Ҳаракати адами тааҳҳуд суханронӣ намуд.
Соли 2010 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рўдакӣ ва Ҳисор дидан карда, бо роҳбарону фаъолон ва кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуданд.
Зодрӯзи Абдулло Раҳимбоев: рӯзи 14 июл дар таърих
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Зикр гардид, ки Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ҳамдастию ҳамбастагӣ метавонанд дар ҳалли бисёр мушкилоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон нақши муассир дошта бошанд.
Соли 2018 масъалаҳои мубрами равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 16 июл

Дар Уругвай – Рӯзи ғалаба дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол.
Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Рӯзи металлург.
Дар Украина — Рӯзи муҳосибон.

Рӯзи 16 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 1872 — Руал Амундсен, тадқиқотчии норвегӣ, сайё ва кашфкунанда.
Соли 1907 — Барбара Стэнвик ҳунарманди амрикоӣ, дорандаи премияи "Эмм", "Золотой глобус" ва "Оскар".

Рӯзи 16 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1900-1967) – овозхони опера, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Залмон Муллоқандов.
Солҳои (1947-2009) – доктори илмҳои иқтисод Дона Гулмирзоев.