ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар Маскав рейдҳо мегузаронанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хотиррасон мекунад, ки аз рӯи далели занозании оммавӣ, дар метрои Кузминки, 102 нафар, аз ҷумла 71 қирғиз боздошт шуданд.
Додгоҳҳо 102 маводро баррасӣ карда ва 15 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ намуд.
Мақомоти Маскав ин таниши миёни муҳоҷиррон ҳамчун ҳолати фавқулодда арзёбӣ кард.
"Дар ҳоли ҳозир, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Маскав барои санҷиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон бо интиқоли онҳо ба шӯъбаҳои ҳудудии пулис барои муайян кардани шахсияташон, рейдҳо мегузаронанд. Инчунин бо муҳоҷирон барои пешгирии муноқишаҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Аллакай беш аз 900 муҳоҷир ба мақомоти пулис оварда шудааст ", - омадааст дар хабарнома.
Занозании муҳоҷирон дар Кузминки
Муноқиша шоми 12 июл рух дод. Сипас ба ҳар кадоме аз тарафҳои даргир ошноҳову дӯстон ҳамроҳ шуданд.
Баъзе аз қурбониёни муноқишаро рӯи кати мошинҳои ёрии таъҷилӣ бурданд.
Тибқи гузориши РЕН ТВ, муноқиша дар Кузминки, ки ба задухӯрди оммавӣ мубаддал шуд, байни муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон рух додааст. Вале, мақомот аз ҳузури зодагони Туркманистон ва Ӯзбекистон низ хабар дод.
Ин муборизаи хунин замина доштааст. 11 июл дар Химки ду зодаи Қирғизистон бо корд захмӣ шудаанд ва рафиқони онҳо тасмим гирифтаанд, ки қасос гиранд ва соати 19:00 дар Кузминки як "стрелка" таъин кардаанд.
Дар вақти муайяншуда ҳеҷ гуна задухӯрд сурат нагирифтааст, аммо муҳоҷирони ғаразнок дар минотиқи наздик боздошт шуданд.
Тақрибан нисфи шаб дар истгоҳи метрои Кузминки занозании оммавӣ оғоз ёфтааст.