Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

“Президент дар паҳлӯятон”: Раҳмон гуфт, ҷанг карданӣ нест, аммо эҳтиёт бояд кард - видео

Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, Тоҷикистон имрӯз тамоми имконот ва нерӯ барои ҳифзи марзҳояшро дорад
Sputnik
Президенти кишвар зимни суханронӣ асноги боздид аз воҳидҳои марзбонӣ дар навоҳии Панҷу Ҳамадонӣ гуфт, Тоҷикистон бо ягон давлату миллат ғарази сиёсӣ надорад.
"Мо зидди ягон давлат ҷанг эълон накардем ва кардани ҳам нестем", - таъкид кард президент.
Ӯ бо муроҷиат ба сарбозон гуфт: "Шумо надарсед, ғаюр бошед. Дар ҳама лаҳзаҳои сахтӣ, вазнинӣ дасти якдигарро гиред, кумак намоед ба ҳамдигар".
Эмомалӣ Раҳмон вазъ дар марзҳои Тоҷикистонро мураккаб арзёбӣ кард, гуфт, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бодя пурра дар ҳолати омодабошии ҷангӣ бошанд.
"Дар ин шабу рӯзҳое, ки дар кишвари ҳамсояамон Афғонистон вазъ махсусан дар сарҳад бо Тоҷикистон мураккаб аст, аз ҳар лиҳоз мо бояд омода бошем. Аз ин лиҳоз сарбозони захиравӣ барои кумак ба марзбонон замони даъват барои ҳозир шудан бояд омода бошанд", - афзуд президент.
Раҳмон отрядҳои марзии Хатлонро ба омодагии ҷангӣ даъват кард
Ба гуфтаи раисиҷумҳур Тоҷикистон имрӯз, таоми имконотро дорад ва давлат низ давлати соли 1992 нест.
Ӯ аз марзбонон даъват кард, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳушёр бошанд ва ҳаматарафа омодагии ҷангӣ дар сатҳи баланд дошта бошанд.
Дар поёни суханронӣ раисиҷумҳур сарбозону афсаронро ба ғаюрию меҳандустӣ даъват карда гуфт, дар ҳама лаҳзаҳои душвор донанд, ки президент дар паҳлӯяшон аст.