Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Президент дар бораи аҳамияти ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон барои ИДМ ва ИА гуфт

Эмомалӣ Раҳмон марзи давлатии байни Тоҷикистон ва Афғонистонро "минтақаи буферӣ" -и амнияти минтақавӣ номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи омодагии ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон тафтиш кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент.
Сарвари давлат аз вазъи пуршиддат дар Афғонистони ҳамсоя изҳори нигаронӣ карда, омодагии комили ҷангии ҳамаи воҳидҳои низомии минтақаҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлонро талаб кард.
"Сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ хеле муҳим аст", - гуфт президент.
Вай таъкид кард, ки бо дифоъ аз марзи Тоҷикистон низомии тоҷик барои таъмини амнияти кишварҳо ва манотиқи дигари сайёра аз таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳони муосир кумак мекунанд.
Раҳмон отрядҳои марзии Хатлонро ба омодагии ҷангӣ даъват кард
Ба гуфтаи Раҳмон, ҳукумат барои таъмини нерӯҳои марзбонӣ бо таҷҳизоти низомӣ, тақвияти ҳимояи қитъаҳои осебпазири марз бо Афғонистон чораҳо меандешад.
То имрӯз 92 постгоҳ, садҳо километр роҳҳои нав ва дигар иншооти ҳифзи сарҳад сохта шудаанд, гуфт президент.