ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Вазъи Афғонистон босуръат муташанниҷ мешавад, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар конфронси "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ. Пайвасти минтақавӣ: чолишҳо ва имкониятҳо".
"Дар пасманзари хуруҷи низомиёни ИМА ва НАТО, номуайянии вазъи низомӣ-сиёсӣ дар ин кишвар ва атрофи он якбора афзудааст", - гуфт роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Лавров таъкид кард, ки хатари лабрез шудани нооромӣ ба кишварҳои ҳамсоя вуҷуд дорад.
Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия