Зад, таҷовуз карду кушт: ҳукми Қузиев барои бадрафторӣ нисбати кампири 75-сола дар Маскав

Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои куштор ва таҷовузи як зани пиронсол дар Маскав зиндон карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Як муҳоҷири тоҷик дар Русия барои куштор ва таҷовузи як зани бознишастаи 75-сола дар Маскав ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.
"Суди шаҳри Маскав оид ба парвандаи ҷиноятӣ алайҳи шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон ҳукм содир кард. Вай ба куштор барои пинҳон кардани ҷинояти дигар, таҷовуз ба номус, ғоратгарӣ бо вуруди ғайриқонунӣ ба хона гунаҳкор дониста мешавад.", - хабар медиҳад дафтари матбуоти прокуратураи Маскав.
Боз куштор: ҷавони 20 -сола дар Рашт ҳамдеҳаашро корд зад
"Тафтишот муайян кард, ки 26 январи соли 2020 Қузиев, зодаи Тоҷикистон дар кӯча як зани 75-соларо дар кӯча пайгирӣ кардааст.
Вақте зан ба хонаяш медарояд, ӯ низ вориди ҳуҷра шуда, дар посух ба талаби кампир, ки ба зудӣ хонаро тарк намояд, ба рӯи зан задааст.
Дар натиҷа пиронсол сарашро ба девор зада, аз ҳуш рафтааст. Мард кампирро таҷовуз карда, сипас ӯро куштааст.
Илова бар ин, ҷинояткор 41 ҳазор рубли зани нафаҷахӯрро рабудааст.
"Додгоҳ Кузиевро дар колонияи ислоҳии дорои режими шадид ба 18 соли зиндон маҳкум кард", - омадааст дар гузориш.
Инчунин, судшаванда вазифадор аст, ки ба хешовандони кушташуда 700 ҳазор рубл ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад.