Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Абдуллозода бо мутахассисони Хитой роҳҳои мубориза бо COVID - ро баррасӣ кард

Вазири тоҷик иқрор намудааст, ки таҷрибаи табибони Ҷумҳурии Халқии Хитой жар самти ташхис ва табобати коронавирус қобили омӯзиш аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода бо муовину намояндагони вазорати беҳдошт бо мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой видеоконфронс баргузор намуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, видеоконфронс бо мақсади табодули таҷриба дар самти пешгирӣ, ташхис ва табобати бемори коронаиврус доир шудааст.
Гуфта мешавад, мулоқоти онлайнӣ бо ширкати Абдуллозода, Ғафур Муҳсинзода муовини якуми вазир ва сармутахассисони вазорат суратгирифт.
Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи беморхонаҳои Хатлон ошно шуд
Манбаъ меафзояд, ҳангоми мулоқт вазири тоҷик изҳор доштааст, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории чорабинии имрӯза-ин пеш аз ҳама табодули таҷрибаи табибони ду кишвар дар самти пешгирӣ ва ташхису табобати бемории коронавирус мебошад.
Қайд гардид, ки таҷрибаи табибони Ҷумҳурии Халқии Хитой воқеан ҳам дар самти ташхис ва табобати ин беморӣ намунаи ибрат ва қобили омӯзиш мебошад.
Дар идомаи видеоконфронс мутахассисони ду кишвар вобаста ба усулҳои нави ташхис ва табобати бемории мазкур мубодилаи афкор намуданд.