Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

"Толибон"* ду шарти оташбас дар Афғонистонро эълон карданд

"Толибон"* ваъда доданд, ки агар маҳбусон озод ва созмон аз рӯйхати сиёҳи СММ хориҷ карда шаванд, ҷанг дар Афғонистон хотима меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Сухангӯи "Толибон"* шарти оташбаси се моҳаро эълон кард, хабар медиҳад шабакаи маҳаллии 1TV News бо истинод ба намояндаи ҳукумати Афғонистон дар гуфтушунид бо ҷангиён, Нодир Нодирӣ.
Сулҳ дар ҳоле пойдор мешавад, ки агар ҳафт ҳазор маҳбус озод ва "Толибон"* аз рӯйхати сиёҳи СММ хориҷ карда шавад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Шаллоқистон": таъқиби як ҷавони ошиқ аз сӯи "Толибон"* ва "андоз" - и ғалатӣ
Қаблан, намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон, директори Департаменти осиёии вазорати корҳои хориҷӣ Замир Каобулов дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфта буд, ки тартиби хориҷ кардани "Толибон"* аз таҳримоти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид метавонад пас аз оғози муколамаи байни афғонӣ оғоз шавад.
Вай инчунин ёдовар шуд, ки СММ дар соли 2001 қатъномае қабул кард, ки мувофиқи он: ин гурӯҳ ҳамчун як созмони террористӣ эътироф карда шуд ва беш аз 110 намоянда аз рутбаҳои боло ва миёнаи он таҳти таҳримот афтоданд.
Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва "Толибон"*, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, бар шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунанд, муқовимат идома дорад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Барои чӣ набояд ба ваъдаҳои "Толибон"* бовар кард: посухи сиёсатшинос
Ноамнӣ дар пасманзари ваъдаҳои маъмурияти ИМА дар бораи то 11 сентябр баровардани нерӯҳо, афзоиш меёбад.
Дар соли 2020, Вашингтон ва мақомоти "Толибон"* дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳ дар беш аз 18 соли ҷангро имзо карданд.
Ин созишнома тарк кардани контингенти хориҷӣ ва оғози муколамаи байни афғонро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекунад.
* Ташкилоти террористӣ, ки дар Русия манъ карда шудааст.