ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Артиши Русия ва Тоҷикистон дар тамринҳои густурдаи низомӣ дар марзи Афғонистон ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора "Известия" бо истинод ба Вазорати мудофиаи Русия, ки ташаббускори омӯзиш аст, хабар дод.
Ба ин машқҳо ба ҷуз Русия ва Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамроҳ хоҳанд шуд.
Нерӯҳои кишварҳо амалиётҳои ҷангиро дар сурати убури марз аз ҷониби аъзои ҳаракати террористии Толибон* ва аз байн бурдани гурӯҳҳои дигари террористӣ таҳия хоҳанд кард.
Дар ҷараёни тамрин гурӯҳҳои ҳавоии пойгоҳҳои Русия дар Қирғизистон ва инчунин системаҳои дифоъи зиддиҳавоии S-300 дар ҳайати пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.
Русия дар ин тамринҳо воҳидҳои пиёданизом, воҳидҳои ҳавоӣ, нерӯҳои вижа, ҳавопаймо,тӯпхона ва инчунин нерӯҳои дифоъи ҳаворо ҷалб хоҳад кард.
Машқҳо аз моҳи август то сентябр баргузор мешаванд. Сипас сарбозон дар манёврҳои муштараки "Миссияи сулҳ 2021" ширкат меварзанд.
Ҳамзамон моҳи август дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон тамриноти ҷангӣ оғоз мешавад. Пас аз он, сарбозон ба тамрингоҳи Тирмиз, воқеъ дар марзи Афғонистон мераванд.
Моҳи сентябр тамринот дар маркази таълимии "Эдельвейс" дар Қирғизистон баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҷангиёни Толибон* аз оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон фаъолтар шуданд. Ҳоло дар аксар манотиқи Афғонистон ҷангҳои пуршиддат миёни нерӯҳои давлатӣ ва ин гуруҳ идома дорад.
* - ҷунбиши радикалии манъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.