ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Сардухтури санитарӣ Ерлан Қиёсов қоидаҳои вуруд ба Қазоқистонро тавассути роҳи оҳан, баҳр ва роҳи автомобилгард тағйир дод. Тартиботи нав ба роҳи ҳавоӣ дахл надорад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Аз 15 июл (қарор аз соати 00 то 15 июли соли 2021 эътибор пайдо мекунад), шаҳрвандон ва шахсоне, ки иҷозатномаи истиқомат доранд, агар зимни вуруд ба Қазоқистон ташхиси (ПСР) ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваксинагирӣ алайҳи COVID-19 надошта бошанд, то 3 рӯз барои муоинаи лабораторӣ дар бемористон карантин карда мешаванд.
"Мавод барои ташхиси лабораторӣ аз COVID-19 аз ҷониби мутахассиси соҳаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ гирифта мешавад", - гуфта мешавад дар фармон.
Қоидаҳои нав танҳо ҳангоми вуруд ба кишвар тавассути роҳи оҳан ва роҳи автомобилгард татбиқ карда мешаванд. Қоидаҳои убури марз тавассути ҳавопаймо тағйир наёфтааст, мегӯяд Кумитаи назорати санитарию эпидемиологӣ.
Ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо чун пештара, мусофирон бояд натиҷаи ташхиси манфии вируси коронаро бо худ дошта бошад.