Омбудсмени Тоҷикистон сабаби таъхири овардани тоҷикистониён аз кишварҳои ҷангзадаро гуфт

Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон таъкид кард, ки сабаби бознагардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаламрави минтақаҳаои ҷангзада қарор доранд ба сабаби пандемия коронавирус ба таъхир гузошта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, киҳукумати кишвар тасмим дорад боқимонда шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар минтақаҳои ҷангзада қарор доранд ба Ватан баргардонад.
Вай дар ин нишаст сабаби таъхири овардани тоҷикистониён аз минтақаҳои ҷангзадаро тавзеҳ дод.
Занони гапгири шавҳар: талош барои исботи ҷабрдида будани занони тоҷик дар Сурия ва Ироқ
Ба гуфтаи ваколатдори ҳуқуқи инсон сабаби таъхири овардани тоҷикистониён аз Сурияву Ироқ ин пандемияи коронавирус будааст, ки ба ин раванд халал расондааст.
“Пандемия “Covid-19”, ки натанҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми ҷаҳон, ба хусус дар минтақаҳои ҷангзада паҳн ёфтааст, ба раванди бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзада халал ворид кардааст”, - гуфт Умед Бобозода.
Омбудсмен ваъда дод, ки шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои ҷангзада қарор доранд ҳатман ба Ватан баргардонида мешаванд.
“Ҳукумат дар назар дорад, ки ин қисмати шаҳрвандонро ба Ватан баргардонад ва зери ғамхории худ қарор диҳад”, - гуфт ваколатдори ҳуқуқи инсон.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Созмони Милали Муттаҳид бори дигар масъалаи бозгардонии хориҷиёнро аз урдугоҳҳои Сурия ба ватан, ба баррасӣ кашид
Коршиносони СММ муроҷиатномаеро нашр карданд, ки дар он аз мақомоти кишварҳои гуногун даъват мекунанд, то шаҳрвандонашонро аз Сурия баргардонанд.
Даъвати СММ аз Тоҷикистон барои бозгардонии шаҳрвандон аз Сурия
Изҳороти ин созмон ба 57 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фиристода шудааст.
Аз ҷумла, коршиносон ба вазъ дар урдугоҳҳои Сурия Эл-Хол ва Рог ишора мекунанд, ки ҳоло дар онҷо беш аз 64 ҳазор гуреза ҷойгиранд.
Дар изҳорот қайд мешавад, ки вазъи шадиди башардӯстона аз қабули чораҳои фаврӣ барои пешгирии зарари ҷуброннопазир ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Сурия шаҳодат медиҳад.
СММ қайд мекунад, ки одамон дар урдугоҳҳо мавриди зӯроварӣ ва шиканҷа қарор мегиранд. Ин санадро 22 коршиноси СММ имзо кардаанд. Дар байни онҳо Фионуала Ни Аолайн, маърӯзачии вижа оид ба таблиғ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳангоми мубориза бо терроризм ва ҳамкасбони ӯ ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир Тоҷикистон 84 кӯдакро аз Ироқ ва Сурия баргардонд. Онҳо ҳанӯз ба оилаҳои худ баргардонида нашудаанд; онҳо таҳти назорати мутахассисони Вазорати маориф ва Вазорати меҳнат қарор доранд.