Навраси 18 - сола дар Душанбе аз марг наҷот ёфт

Сокини 18 - солаи шаҳри Ваҳдат қариб дар "Кӯли ҷавонон" - и пойтахт ғарқ мешуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар Душанбе аз ғарқшавии як сокини 18 - солаи маҳаллаи Заргари шаҳри Ваҳдат пешгирӣ карда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, феълан дар ҳудуди тамоми кӯлу дарёҳои мамлакат кормандони кумитаи рейдҳо баргузор мекунанд.
Зимни баргузории чунин рейд, дар "Кӯли ҷавонон" дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат аз шиновари наврасро аз марг наҷот доданд.
Прапоршикҳо Рустам ва Диловар навраси 17-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Манбаъ меафзояд, ҷавон қасди убур кардани "Кӯли ҷавонон" дошт, аммо бинобар риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ дар ҳоли ғарқшавӣ қарор дошт.
Дар ин асно, ғаввосон зуд худро ба маконе, ки наврас дар ҳоли ғарқшавӣ буд, расонданд ва ӯро фавран аз дохили об берун оварданд.
КҲФ мегӯяд, ба сокини шаҳри Ваҳдат кумаки аввалия расонда шуд ва вазъи саломатии ӯ хуб буда, ниёзи интиқол доданаш ба бемористон вуҷуд надошт.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аснои мавсими шиноварӣ ҳамасола теъдоди зиёди одамон ғарқи об мешаванд. Ҳарчанд КҲФ миёни мардум рейду корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад ҳам, аммо теъдоди ин гуна воқеаҳои нохуш кам нест.
Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд якбора 4 ноболиғ, ки ҳамагӣ сокинони деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан буданд, дар Сирдарё ғарқ шуданд.