ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар Тошканд мулоқот намуданд, гузориш медиҳад Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, мулоқоти Сироҷиддин Мӯҳриддин бо ҳамтои арабаш Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд имрӯз, 15 ибл доир гардидааст.
Вазорат таъкид мекунад, ки дидори вазирон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии "Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ: Ҳамбастагии минтақавӣ – чолишҳо ва имкониятҳо" доир шуд.
Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таҳкими амният, сулҳу субот дар минтақа ва вазъи кунунӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамтои худро ба муносибати пайвастани кишвараш ба Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун шарики гуфтугӯ табрик намуд.