ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ихтилофоте, ки мардумони Осиёи Марказӣ доранд, набояд ба қаламрави Русия интиқол дода шавад, гуфт узви Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия, роҳбари Маҷлиси Рӯҳонии мусалмонони Русия, муфтӣ Албир Крганов дар нишасти матбуотӣ дар хабаргузории "Россия сегодня".
Қаблан ВКД Русия дар бораи боздошти 102 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ пас аз занозании оммавӣ дар назди истгоҳи метрои Кузминки дар ҷанубу шарқи Маскав хабар дода буд.
Ба гуфти вазорат, ин муҳиҷрон аз кишвар хориҷ карда мешаванд. Тибқи иттилои додгоҳи Кузминский, дар муноқиша тақрибан 200 нафар аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистону Туркманистон ширкат кардаанд.
Ин ҳодиса шоми 12-уми июл рух дод.
"Мо медонем, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ байни шахсони алоҳида мушкилот вуҷуд доранд, мо чанде қабл мушоҳида кардем, ки чӣ гуна муноқишаҳо рух медиҳанд, аммо мо зидди онем, ки сокинони ин кишварҳо ин муноқишаҳоро ба қаламрави кишвари мо интиқол диҳанд, ин ғайри қобили қабул аст ва ин бояд тибқи қонун ҳал шавад. Онҳо шаҳрванд ҳастанд ё аз Осиёи Марказӣ омадаанд фарқе надорад, мо бояд қонунгузории Федератсияи Русияро эҳтиром кунем ва дар ин замина чораҳо андешем", - гуфт муфтӣ.
Вай қайд кард, ки рӯҳониён ба роҳбарони иттиҳодияҳои миллӣ дар ин бора суҳбат мекунанд ва масъулиятро мефаҳмонанд.
"Мо дар як кишвари сермиллат ва гуногунмазҳаб зиндагӣ мекунем ... Чӣ эҳсосоте, ки набошад, бояд танҳо дар доираи қонун ҳал карда шаванд", - хулоса кард Крганов.