ДУШАНБЕ, 15 июля — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон бо Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иттисоли минтақавӣ, фурсатҳо ва чолишҳо” омада буд, дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти расиҷумҳури Ӯзбекистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро оид ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди устуворро баррасӣ карданд.
Роҳбарони ду кишвар бори дигар таъкид карданд, ки мушкилоти Афғонистон бо роҳи низомӣ ҳаллӣ худро пайдо нахоҳад кард. Мирзиёев ва Ғанӣ хостори ҳарчи зудтар азсаргирии музокироти сулҳи байниафғонӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Шавкат Мирзиёев омодагии Ӯзбекистонро барои мусоидат бар расидан ба сулҳи устувор дар Афғонистон тасдиқ кард.
Ҷонибҳо рушди қаноатбахши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодиро қайд карданд.
Гуфта шудааст, ки сарфи назар аз пандемия, дар панҷ моҳи аввали соли равон мубодилаи мол байни ду кишвар 50 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар Ӯзбекистон 160 корхонаи нав бо иштироки сармояи Афғонистон таъсис дода шуд.
Рушди минбаъдаи лоиҳаҳои инфрасохтори муштараки нақлиётӣ ва энергетикӣ, ки ба таҳкими равобит миёни минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ҳамчунин ба тавсеаи эҳтимолии транзитии Афғонистон, аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳани “Тирмиз-Мазори Шариф-Кобул-Пешовар” ва сохтмони хати нави барқии "Сурхон - Пули-Хумрӣ" равона шудааст.
Ҳамзамон зимни мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ таъкид намудаанд.