Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Дарёфти 3,5 кило маводи мухаддир аз фирориёни афғон дар Тоҷикистон

Гурезаҳои афғон, ки дар минтақаи Мурғоб дархости паноҳандагӣ кардаанд, як миқдори зиёди маводи мухаддирро бо ашёи шахсии худ овардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Марзбонони тоҷик аз гурезаҳои афғон 3,5 кило маводи мухаддир мусодира карданд, хабар медиҳад маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ.
Сухан дар бораи 347 афғони қирғизтабор (аз ҷумла 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ) аз ҷумлаи сокинони деҳаи Андемини ноҳияи Вахони вилояти Бадахшон меравад.
Афғонистон дар оташи ҷанг: Толибон* кадом минтақаҳоро гирифтанд
Ба иттилои манбаъ, ин афрод барои ҳифзи ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"*, хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти "Кизил-Работ"-и ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.
Айни замон гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ҷамоати деҳоти Қизил-работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд.
"Ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ 2 нафар ноболиғи то 2 сола фавтиданд", - афзудааст манбаъ.
КДАМ гуфтааст, ки вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Эзоҳ: Толибонро* созмони террористии мамнӯъ дар Русия, Тоҷикистон ва бархе кишварҳо