Афғонҳои рӯ ба гурез аз тарси Толибон: дар масҷидҳо паноҳ мебаранд - видео

Сокинони Қандаҳори Афғонистон маҷбуранд манзилҳои зисти худро тарк кунанд. Зеро ҳамлаи Толибон* идома дорад ва сокинон аз тарси онҳо дар масоҷид паноҳ мебаранд
Sputnik
Сафи гурезаҳои афғон ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст. Онҳо аз тарси ҳамлаву зулми Толибон* ба ҳар сӯ роҳи гурезро пеш мегиранд.
Дар навори боло сокинони Қандаҳори Афғонистон ҳастанд, ки маҷбур шудаанд хонаҳои худро тарк намуда дар масҷидҳо паноҳ бибаранд.
"Шаллоқистон": таъқиби як ҷавони ошиқ аз дасти "Толибон"* ва "андоз" - и ғалатӣ
Миёни гурезагон кӯдакони тамоман кӯчак низ ҳаст.
Ҷангиёни ҳаракати Толибон чанд рӯзи пеш иддао намудаанд, ки 85 фисади қаламрави Афғонистонро ба тобеияти худ дароварданд. Аммо ҳукуматдорон ин маълуморо дуруғ хонда, як рӯзи пеш эълон намудаанд, тамоми минтақаҳое, ки Толибон қаблан забт карда буданд, бозпас гирифтанд.
Ҳамлаи Толибон дақиқан пас аз хуруҷи низоми Амрико аз хоки ин кишвар вусъат ёфт ва феълан набарди сахт миёни онҳо ва низомиёни ҳукуматӣ идома дорад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия