ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо раиси корҳои дохилӣ ва хориҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб, ҳамзамон роҳбари Маркази байналмилалии зиддитеррористии “Ҳедая” Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ мулоқот кард.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ вазири тоҷик ба ҷаноби Алӣ Рашид Ал-Нуаймӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ кардааст.
Ӯ қайд кардааст, ки ин ҳамкориҳо аз муносибатҳои дӯстонаи роҳбарони ҳарду давлат маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дарбар мегирад.
Дар навбати худ меҳмонон низ зикр намудаанд, ки Аморати Муттаҳидаи Араб кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам бештар шаванд.
"Мардуми Тоҷикистон ва кишвари мо бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид", - гуфтааст вазири араб.
Манбаъ афзуда, ки дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарор гирифтанд.