Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Пас аз гилаи Марям Исоева: вазир бо муовинонаш назди беморони COVID - 19 рафт

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз беморхонаҳои ковидӣ дидан карда бо хешу ақрабои беморон суҳбат кардааст ва ба масъулин супоришҳо додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир - Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед ва Абдухолиқ Амирзода аз як қатор беморхонаҳои пойтахт дидан карда, бо вазъи саломатии гирифторони COVID-19 аз наздик шинос шудаанд.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, Абдуллозода ва Амирзода аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов-и шаҳри Душанбе дидан намудаанд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Пизишки варзидаи рус барои табобати беморони COVID ба Душанбе омад
Ҳамчунин Муҳсинзода аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе боздид кардаанд.
"Дар натиҷаи ин боздид маълум гардид, ки дар муассисаҳои мазкур дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дигар мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд", - омадааст дар хабарнома.
Дар ин росто, роҳбарияти вазорат ба масъулини беморхонаҳои мазкур ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти коронавирус дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Манбаъ афзуда, ки вазир бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхона қарор доштанд, суҳбат карда, гуфтааст, ки Ҳукумат баҳри табобати гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Наздикони Марям Исоева: аҳли хонавода ва табибон пайваста дар канори ӯянд
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Исоева, ки бо нишонаҳои коронавирус дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ бистарӣ аст, аз камтаваҷҷӯҳии пизишкон гила карда буду аз давлат парастор хост ва гуфта буд, ки ин бетаваҷҷӯҳӣ ӯро мекушад.
Вале, наздикони Марям Исоева, изҳор медоранд, ки ҳам худ ва ҳам табибон пайваста дар канори беморанд.