ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ноҳияи Раштро боз заминларза такон дод, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ларзиши замин шаби гузашта ду маротиба эҳсос шуд. Аз ҷумла такони ларзиши замин маротибаи аввал соати 01:56 дақиқа рух дод. Маркази он дар 196 километрии шимолу шарқи Душанбе, 14 километр дар тарафи шарқи ноҳияи Рашт ба вуқӯъ омад.
Шиддати заминҷунбӣ дар марказ 3-4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 балл гуфта мешавад.
Зимнан, бо гузашти ҳамагӣ 14 дақиқа боз ҷунбиши замин эҳсос шуд. Ин навбат маркази заминларза на ноҳияи Рашт, балки Ҷумҳурии Афғонистон буд ва қувваи он дар Рашт 2 балл ва дар худи Афғонистон 4 дараҷаро ташкил дод.
Манбаъ меафзояд, офати табиии шаби гузашта дар пай талафоти ҷонӣ ва молиро надошт.
Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти рӯзи 10 июл, Тоҷикистонро заминҷунбии 5.9 балла ларзонд, ки дар натиҷа 5 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак ҷон бохтанд ва 16 каси дигар бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҳамзамон ин офати табиӣ садҳо сокинони Рашту Тоҷикободро бехонаву дар гузошт.