ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Бино ба иттилои Давлатзода алҳол дар маҷмӯъ 32 сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аломатҳои бемории коронавирус табобат мегиранд.
“Аз ин шумор 11 нафар дар шуъбаи сироятии Шифохонаи марказӣ ва 10 нафар дар Шифохонаи клиникавии № 3 и ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонов бистарӣ шуда, 11 тани дигар таҳти муроқибати пизишкон дар хона қарор доранд”, - гуфт раиси ноҳия.
Зафарбек Давлатзода афзуд, чунин ашхос дар муҳити хонаводагӣ сироят шудаанд ва тибқи ҳисоботи масъулони соҳаи тандурустӣ, омори алоқамандон ба ин бемории сироятӣ дар ноҳия 166 нафар рақам зада мешавад. Барои тартиби чунин рақам табибон 4 нафар аз ҳар як аъзои хонаводаи гирифтори “вируси корона” - ро сабт намудаанд.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи фавти сокинон аз ин маризии сироятӣ чизе нагуфт, вале вазъи эпидемиологиро дар ин ноҳияи Суғд мӯътадил арзёбӣ кард.
Масъулони Идораи кӯмаки аввалияи тиббию санитари (КАТС) и ноҳия гуфтанд, ки маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории коронавирус идома дорад.
Малика Қосимова, сардори КАТС гуфт, маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 аз ҳисоби кормандони тиб дар ин ноҳия 97 дарсад ва аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳуқуқ 37 дарсад то ин вақт иҷро шудааст.
“Мо интизори расидани бастаи нави вояи ваксинаи коронавирус ҳастем. Дар ин марҳила, пеш аз ҳама сокинони аз 60-сола боло ва қишрҳои дигари аҳолӣ эм карда мешаванд”, - гуфт Қосимова.
Инчунин дар Тоҷикистон маъракаи васеъи эмгузаронӣ барои аҳолии аз 18-сола боло ҷараён дорад. Вазорати тандурустӣ дирӯз иттилоъ дод, ки тайи шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 3 тан аз вируси карона ҳалок шудаву 43 ҳолати нави гирифторӣ ошкор шудааст.
Ҳамчунин 28 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат шудаанд. Бино ба иттилои расмӣ дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирии коронавирус то 13 июл дар кишвар 13911 нафар гирифтори сирояти коронавируси нави COVID-19 шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13581 нафар (97,6%) шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 107 нафар фавтидаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.