Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Низомиёни афғон иддао доранд, ки минтақаҳои забткардаи Толибонро бозпас гирифтанд

Танҳо дар се рӯзи ахир, низомиёни афғон дар 25 музофот амалиёти бобарори ҷангӣ гузаронданд, ки дар натиҷа 1369 толибро нобуд карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Низомиёни Афғонистон барқарор шудани назоратро аз болои тамоми қаламравҳо, ки қаблан ба дасти ҷангиёни радикалии Толибон* гузашта буданд, эълом медоранд, менависад РИА Новости.
"Мо нақшаи баргардонидани қаламравҳои гумшударо таҳия кардем. Дар минтақаҳое, ки амалиёти ҷангӣ идома дорад, изҳороти Толибон дар бораи забти онҳо ба воқеият мувофиқат нахоҳад кард. Ҳама минтақаҳое, ки қаблан Толибон забт карда буданд ба назорати ҳукумат баргашт", - изҳор доштааст генерал Аҷмал Шинворӣ дар нишасти матбуотӣ .
Ба изҳори Шинворӣ, давоми се рӯзи ахир низомиёни афғон дар 25 музофот ҳудуди 98 амалиёти бобарори ҷангиро пиёда намуданд, ки дар натиҷа 1369 ҷангии толибро маҳв намуданд.
Нигаронии Созмони Милали Муттаҳид аз нақзи ҳуқуқи башар дар Афғонистон
Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон *, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, давоми чанд ҳафта задухӯрди шадид ҷараён дорад.
Ноамнӣ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров онро эътирофи нокомии рисолати онҳо номид, афзоиш меёбад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия