ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Ба гуфтаи масъулини вазорати нақлиёт қоидаҳои беҳдоштӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ на танҳо аз сӯи ронандаҳо балки аз сӯи худи мусофирон нақз мешавад.
“Мутаасифона дар масъалаи зиёд савор шудани мусофирон ба нақлиёти ҷамъиятӣ бештар аз ҷониби худи мусоирон ба амал меояд. Худи онҳо қоидаҳои беҳдоштиро риоя накарда ба нақлиётӣ пур савор мешаванд”, - зикр кард масъулини вазорати нақлиёт.
Вай ҳамзамон таъкид дошт, ки ҳамарӯза дар пойтахт нисбати ронандаҳо барои зиёд шинондани мусофирон ба нақлиёт аз 25 то 30 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад
Масълин таъкид доштанд, ки мутаасифона ин кор то ҳол ислоҳи худро пайдо накардааст.
Дар ин масъала аз ҷониби ҳамаи мақомоти дахдор гурӯҳҳои корӣ фаъолият доранд ва вазъ ҳама рӯза зери назорат аст.
Ёдовар мешавем, ки ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.
Ин ниҳод, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.