ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бар фарқ аз солҳои пеш, имсол воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 8,5 ҳазор тонна камтар сурат гирифт. Дар ин бора муовини аввали Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Сафаралӣ Қурбонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба таъкид ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ҳамагӣ 112,4 ҳазор тонна бензин ба маблағи 61,2 миллион доллар ворид шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 ҳазор тонна камтар аст.
Қурбонзода таъкид намуд, ки нархҳои ҳармоҳаи воридоти бензин аз моҳи март якбора боло рафт, ки дар натиҷа арзиши маводи сӯзишворӣ ҳам дар Тоҷикистон гарон шуд.
Зикр гардид, ки то 12 июли соли 2021 нархи чаканаи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 8,70 то 9,50 сомониро ташкил медиҳад.
Ин гуфтаҳои намояндаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҳолест, ки қаблан ронандаҳо аз камчин будани маводи сӯзишворӣ шикоят мекарданд ва иддае изҳор медошатанд, ки бензинро бо нархи 10 сомонӣ харидорӣ мекунанд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷаҳиши нархи сӯзишвориро ба болоравии нархҳо дар кишварҳои истеҳсолкунанда рабт дод.
Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъро аз Русия, Қазоқистон ворид мекунанд. Ҳамчунин воридот аз Ӯзбекистону Туркманистон низ сурат мегирад, вале ба андозаи камтарин.