Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, нархҳоро дар Иди Қурбон таҳти назорат мегиранд

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ваъда додааст, ки нархҳои маҳсулотро дар бозорҳои кишвар дар арафаи Иди Қурбон таҳти назорати худ мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар арафаи Иди Қурбон нархҳо дар нуқтаҳои савдо бодиққат назорат хоҳад кард.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми директори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, таъкид кард.
Ба гуфтаи вай, хадамот бо дигар сохторҳои марбута ба хотири пешгирӣ аз болоравии шадиди нархҳо дар остонаи ҷашни наздик нархи маводҳои хӯроквориро назорат хоҳад кард.
"Пеш аз Ид, мо як ситод таъсис медиҳем, ки дар давраи Ид нархгузорӣ ва мавҷудияти нархномаҳо дар молҳоро ба танзим медарорад. Дар ҳақиқат дар кишвар дар арафаи Идҳо болоравии нархи маҳсулот, аз ҷумла меваҳо мушоҳида мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Қурбонзода таъкид кард, ки нафароне, ки қонунро нақз мекунанд ҷарима мешаванд ё ин ки нисбати онҳо дигар чораҳои маъмурӣ гирифта мешавад.
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Бозорравии раисони вилоят, шаҳр ва ноҳия дар Рамазон: хостори арзонии нархҳо шуданд
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи таҷлили Иди Қурбонро эълон кард. Имсол он рӯзи сешанбеи 20 июл таҷлил хоҳад шуд.
Тибқи анъана, Ид аз намози дастаҷамъона ва идона оғоз мешавад, ки дар тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон соати 6:30 баргузор мешавад.